Намоиши диданиҳо ( 1 - 25 Аз : 282 )
Масъулияти мусалмон дар муҷтамаъ(Тоҷикӣ)
2018-10-17
"Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи масъулияти мусалмон дар ҷомиа суханрони намуда баён мекунад, ки ҳар як мусалмон дар баробари муҷтамаъи худ се масъулият дорад:
1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш.
2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш.
3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки дар атрофаш аз наботот ва ҷимодот мебошад."
1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш.
2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш.
3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки дар атрофаш аз наботот ва ҷимодот мебошад."
Достони ибратомез(Тоҷикӣ)
2018-05-10
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор як достони бисёр ҷолиб ва ибратомезе дар бораи марг ва хотимаи хуб ва ё бад будани ҳар инсон қисса мекунад.
2018-04-27
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи қавитарин ва муассиртарини махлуқот дар рӯи замин суҳбат карда баён мекунад, ки бандаи муъмину мусалмон қавитарини махлуқот аст.
Озмоиши Аллоҳ таъоло(Тоҷикӣ)
2018-03-22
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи озмоишоти Аллоҳ суҳбат карда, баён мекунад, ки озмоишоти Аллоҳ ду навъ мебошанд: Бало ва Ибтило. Худованд балоро болои касоне, ки бо Худо ва дини Ӯ меҷанганд нозил мекунад. Вале ибтилоро болои бандагони солеҳ ва парҳезгораш.
Насиҳат ба гуноҳкорон ва золимон(Тоҷикӣ)
2016-05-06
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи гунаҳкорон ва золимон суҳбат карда онҳоро насиҳат мекунад, ки аз ин кори зишт ва бади худ даст кашанд ва бандагони Худоро зулму ситам накунанд. Зеро Худованди якто ин зулму ситами онҳоро беҷавоб намегузорад ва дар рӯзи қиёмат барои корҳои кардаашон дар назди Худо ҷавоб хоҳанд дод.
2016-05-06
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи тафриқа ва фитна андохтан дар байни мусалмонон суҳбат карда баён мекунад, ки ин кор бадтарини корҳост ва хеле ваъиди сахт аст барои фитнаандозон ва тафриқаандозон.
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи суханон ва мадҳи Паёмбар (с) дар ҳаққи Ансорро баён мекунад, Паёмбари Худо дар маконҳо ва замонҳои гуногун аз Ансориҳо мадҳ ва бузургии онҳоро зикр кардааст.
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зулм ва золимон суҳбат карда баён мекунад, ки Худованд зулмро бар худаш ҳаром гардонидааст ва инчунин онро байни бандагонаш низ ҳаром қарор додааст.
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ин ибора “Эй Расули Худо назар” гуфтан суҳбат мекунад ва баён мекунад, ки чунин ҷумларо гуфтан ҷоиз нест ва гуяндааш гунаҳгор мешавад.
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи издивоҷ ва арӯсии исломи суҳбат карда баён мекунад, ки издивоҷ хеле баракатҳои зиёд ва бешуморе дорад, монанди баракат дар зиндагии зану шавҳар, ки ин издивоҷ онҳоро аз корҳои бад ва зино боз медорад ва Худованд онҳоро баракат медиҳад. Ва инчунин муҷтамаъро аз фаҳшо ва зино боз медорад.
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи чигуна ба даст овардани як зиндагии бобаракат суҳбат карда баён мекунад, ки ҳаёт ва зиндагӣ дар партави дини Ислом ва ҳаёти ҳалол ва покиза сабаби ҳосил шудани баракат мегардад. Ва барои исботи ин суханҳо чандто аз қиссаҳо ва достонҳое аз гузаштагони уммати исломӣ зикр мекунад.
Ҳусни хотима(Тоҷикӣ)
2016-04-18
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи марг ва ҳусни хотима суҳбат карда баён мекунад, ки бояд ҳар як мусалмон дар тоати Худованд бошад ва ҳамавақт дуо кунад, ки Худованд бо ҳусни хотима руҳи онро бигирад.
Нусрати Худо ҳамроҳи ҷамоат аст(Тоҷикӣ)
2016-04-17
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи иттифоқ ва иттиҳод будани мусалмонон суҳбат карда баён мекунад, ки мусалмонон бояд ба ресмони Худованд бо ҷамоат ва иттиҳод даст бизананд ва Худованд ҳама вақт нусратро насиби ҷамоат мегардонад. Ва даъват мекунад, ки ҳеҷ гоҳ аз ҷамоат дур набошед ва дар муҷтамаъ ҷудоги наандозед.
2016-03-31
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи аҳволи мусалмонон ва кофирон суҳбат карда аз оятҳои Қуръони далел меорад, ки руйҳои мусалмонон дар рӯзи қиёмат бисёр равшан ва нурони мебошанд, аммо чеҳраҳои кофирону мунофиқон ва фосиқон сиёҳ ва бад мешавад.
2016-03-31
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи фоидаҳо ва хусусиятҳои амри маъруф ва наҳй аз мункар суҳбат карда баён меунад, ки бешак барои ислоҳи муҷтамаъ бояд тамоми марду зан дар ислоҳи он даст дошта бошанд ва ба амри маъруф ва наҳй аз мункарҳо ва бадиҳо бипардозанд, то ин ки як муҷтамаи солим ва солеҳ барпо кунанд.
2016-03-29
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи имон ва тақвои бандаи мусалмон суҳбат карда баён мекунад, ки имони саҳеҳ ва тақвои дуруст дар ҳаёти инсон дар дунё ва охират таъсири бузург дорад.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи он саҳобагоне, ки Паёмбари Худоро бо ҷону дил қабул карданд ва аз он Ҳазрат ҳимоят карданд ва онҳо аҳли Мадинаи Мунаввара буданд, ки бо номи Ансор дар байни мусалмонон машҳуранд, суҳбат мекунад.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи шукр ва ситоиши Худованд суҳбат мекунад, мусалмонон бояд шукри Худоро баҷо биоваранд, зеро ки Худованд неъматҳои зиёд ва гуногуне барои онон ато намудааст.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи яке аз бадтарин одатҳои Ҷоҳилият (даврони пеш аз Ислом) суҳбат карда баён мекунад, ки мардуми араб вақто ки духтардор мешуданд онро зинда ба хок мекарданд. Чаро онҳо ба чунин кор даст мезаданд? Ва Исломи азиз бо шиддат роҳи ин корро гирифт.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи таъсири калимаи шаҳодат суҳбат карда баён мекунад, ки ин калима ҳаёти инсонро дигаргун мекунад, ҳангоме ки инсон мусалмон мешавад тамоми ҳаёт ва зиндагиаш бар як ҳолати беҳтар ва хубтаре мубаддал мегардад.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ду тоифае, ки аз бадтарин тоифаҳо баҳисоб меравад, ки онҳо ғайбаткунандагон ва шахсоне, ки занону мардони покдоманро туҳмат карда дар номусашон гап мезананд, суҳбат карда азоберо ки дар рӯзи қиёмат ба онҳо мерасад баён мекунад.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи обхезие, ки дар яке аз шаҳрҳои Индонезия рухдода буд суҳбат карда баён мекунад, ки мусалмонон бояд аз ин даҳшат панду ибрат гирифта аз фармони Худованд берун нашаванд.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зарарҳо ва бадиҳои моҳвораҳо ва каналҳое, ки ба воситаи антенҳо намоиш дода мешавад суҳбат мекунад, ки яке аз зарарҳои он ин аст, ки метавонад инсонро ба куфр барад ва аз ислом берун кунад.
2016-03-26
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ислоҳ ва барпокардани як муҷтамаъи солим суҳбат карда, баён мекунад, ки агар муҷтамаъи солим бихоҳем бояд аз мункар наҳй кунем, ва алалхусус зидди мухаддирот, сигор ва арақ мубориза барем ва ин корро олимон ва донишмандон бо ҳам бояд иҷро намоянд.
2016-02-27
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ҳидоятёфтагон ва муваҳҳидон суҳбат карда, баён мекунад, ки вақто инсон Худои ягонаро парастиш кунад ва роҳи ростро интихоб кунад, асари ин ҳидоят ва тавҳидро дар зиндагиаш мушоҳида мекунад ва аз он лаззат мебарад.