Дар феҳрасти имейлҳо обуна шавед
Барои шумо ихтиёр кардем
Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем:
1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд.
2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр».
3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд.
«Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр».
4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр».
Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Албата шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодати кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.
Моҳи сафар яке аз моҳҳои дувоздаҳгонаи ҳиҷри мебошад, ва у баъд аз моҳи муҳаррам меояд.
Дар баъзе ривоятҳо омадааст ки онро барои он моҳи сафар мегуянд ки дар ҳамон вақт мардуми Макка ба сафар мебаромаданд, ва Макка аз мардум тақрибан холи мемонд.
Ва ин чунин ин мақола дар бар гирандаи:
Баъзе корҳое ки мардуми араб дар замони чоҳилият (пеш аз ислом) дар моҳи сафар анҷом медоданд.
Баъзе аз эътиқодоту афкоре ки мардуми мусалмони имруза нисбат ба ин моҳи Худованд (сафар) доранд.
Баъзе ҳадисҳои дуруғе ки нисбати моҳи сафар ворид шудааст.
Изофаҳои охирин ( Тоҷикӣ )
Диданиҳо
( Тоҷикӣ )
2018-10-17
"Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи масъулияти мусалмон дар ҷомиа суханрони намуда баён мекунад, ки ҳар як мусалмон дар баробари муҷтамаъи худ се масъулият дорад: 1. Масъулияти мусалмон нисбат ба Парвардигораш. 2. Масъулияти ӯ нисбат ба мардум ва атрофиёнаш. 3. Масъулияти ӯ нисбат ба он чизе ки дар атрофаш аз наботот ва ҷимодот мебошад."
Китобҳо
( Тоҷикӣ )
2018-09-23
Тарҷумаи Қуръони карим ва маъонии он (ба шакли PDF ) дар равиши тафсири муяссару осон ба забони тоҷикӣ, Ва ин тарҷума нусхабардоришуда аз нусхаи Қуръони карим, ки дар Муҷаммаъи Малик Фаҳд барои чопи Қуръони карим омода ва чоп шудааст, мебошад.
Шуниданиҳо
( Тоҷикӣ )
2018-06-01
Қори Шамсуддин дар бораи ҳукми рӯза ва касоне ки рӯзаи моҳи рамазонро инкор мекунан ва онро қабул надоран суҳбат мекунад.
Диданиҳо
( Тоҷикӣ )
2018-05-10
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор як достони бисёр ҷолиб ва ибратомезе дар бораи марг ва хотимаи хуб ва ё бад будани ҳар инсон қисса мекунад.
Диданиҳо
( Тоҷикӣ )
2018-04-27
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи қавитарин ва муассиртарини махлуқот дар рӯи замин суҳбат карда баён мекунад, ки бандаи муъмину мусалмон қавитарини махлуқот аст.
Диданиҳо
( Тоҷикӣ )
2018-03-22
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи озмоишоти Аллоҳ суҳбат карда, баён мекунад, ки озмоишоти Аллоҳ ду навъ мебошанд: Бало ва Ибтило. Худованд балоро болои касоне, ки бо Худо ва дини Ӯ меҷанганд нозил мекунад. Вале ибтилоро болои бандагони солеҳ ва парҳезгораш.
Мақолаҳо
( Тоҷикӣ )
2017-05-17
Ин мақола гирифташуда аз китоби "Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро", ки муаллифаш Д. Умар Сулаймон Ашқар аст, мебошад, ва ин қисми китоб дар бораи Нишонаҳои Қиёмат, Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд, Фитнаи Даҷҷол ва он аз бузургтарин фитна дар таърихи башар аст, ва дигар аломатҳо мебошад.
Мақолаҳо
( Тоҷикӣ )
2017-04-24
Ин мақола гирифташуда аз китоби "Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро", ки муаллифаш Д. Умар Сулаймон Ашқар аст, мебошад, ва ин қисми китоб дар бораи Нишонаҳои Қиёмат, Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд, Табдил ёфтани ҷазираи араб ба боғҳо ва дарёҳо, ва дигар аломатҳо мебошад.
Китобҳо
( Тоҷикӣ )
2017-04-09
Мақола дар бораи Муаддабу хушахлоқ намудани кӯдак мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"
Китобҳо
( Тоҷикӣ )
2017-04-09
Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.
Go to the Top