Намоиши диданиҳо ( 151 - 175 Аз : 282 )
2014-01-16
Касоне, ки мехоҳанд бо ҳуруф ва калимаҳои арабӣ ошно шаванд ё хондани калимаҳои арабӣ ва хусусан Қуръони каримро ёд бигиранд, пас таълимро аз китоби Қоидаи бағдодӣ шуруъ намоянд.
Ва мо барои хоҳишмандон сисиладарсҳои тасвириро аз ин китоб пешкаш менамоем, ки бисёр муфид ва барои хондану таълими Қуръони карим кумаккунанда аст. Дарси дуввум.
Ва мо барои хоҳишмандон сисиладарсҳои тасвириро аз ин китоб пешкаш менамоем, ки бисёр муфид ва барои хондану таълими Қуръони карим кумаккунанда аст. Дарси дуввум.
2014-01-15
Касоне, ки мехоҳанд бо ҳуруф ва калимаҳои арабӣ ошно шаванд ё хондани калимаҳои арабӣ ва хусусан Қуръони каримро ёд бигиранд, пас таълимро аз китоби Қоидаи бағдодӣ шуруъ намоянд.
Ва мо барои хоҳишмандон сисиладарсҳои тасвириро аз ин китоб пешкаш менамоем, ки бисёр муфид ва барои хондану таълими Қуръони карим кумаккунанда аст. Дарси аввал.
Ва мо барои хоҳишмандон сисиладарсҳои тасвириро аз ин китоб пешкаш менамоем, ки бисёр муфид ва барои хондану таълими Қуръони карим кумаккунанда аст. Дарси аввал.
2014-01-12
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи зикрҳо ва дуъоҳое суҳбат мекунад, ки ҳар мусалмоне онҳоро ба забон биорад Худованд ба сабаби он шайтонро аз ӯ дур мекунад.
2014-01-04
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи касоне суҳбат мекунад, ки мехоҳанд аз корҳои бад даст кашида тавба кунанд, вале ба сабаби дӯстони баде ки доранд наметавонанд аз ин роҳ баргарданд, ва ҳадисеро, ки дӯстони бад сабаби аз тавба дур мондани шахсе шудаандро зикр менамояд, то барои дигарон ибрат бошад.
Озмоиши Худованд аз бандагонаш(Тоҷикӣ)
2014-01-04
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор оятеро шарҳ медиҳад, ки Худованд дар он баён кардааст, ки Ӯ бандагонашро дар ин дунё бо панҷ чиз озмоиш ва имтиҳон мекунад, Ва вақто ки бандагони Худо бо чунин озмоиш рӯбарӯ шуданд сабр кунанд ва аз Худованд хоҳони мағфират ва осони бошанд.
2013-12-27
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе мусалмононе суҳбат мекунад, ки вақти арӯси кардан аввал рафта дар назди олиме ва ё муллое никоҳи исломи мекунанд, аммо баъди чунин никоҳи дурусту шаръи туйи худро ба як туйи ғайри исломӣ, ки дар он аз бегоҳ то саҳар рақсу бози ва нӯшидани нӯшобаҳои ҳаром мебошад, мубадал мегардонанд.
Инчунин ёдовар мешавад, ки ислом зидди хӯшҳоли ва хурсанди нест, аммо бояд ин хурсанди аз чорчубаи ислом берун набошад.
Инчунин ёдовар мешавад, ки ислом зидди хӯшҳоли ва хурсанди нест, аммо бояд ин хурсанди аз чорчубаи ислом берун набошад.
Ҳафт гуноҳи ҳалок кунанда(Тоҷикӣ)
2013-12-24
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи ҳафт гуноҳе суҳбат намудааст, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ҳадисе он гуноҳонро зикр намуда ва онҳоро ҳалоккунанда номидааст, ки аз ҷумлаи он гуноҳон шарик овардан ба Худо аст.
2013-12-24
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе корҳо ва амалҳое суҳбат мекунад, ки онҳоро ҳангоми азодори анҷом додан ҳаромаст, баробар аст, ки он корҳо аз тарафи хонаводаи майт анҷом шавад ва ё аз тарафи меҳмонҳо.
Чигунагии ҳиҷоби зани мусалмон(Тоҷикӣ)
2013-12-16
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар боби ҳиҷоби зани мусалмон суҳбат намуда,чигуна будани ҳиҷоби зани мусулмонро баён менамояд.
Бадбини нисбат ба ҳамсар(Тоҷикӣ)
2013-12-16
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил баъзе аз мушкилоте, ки миёни зану шавҳар рух медиҳад ва сабаби бадбини ҳамдигар мегардад, зикр карда, барои ҳалли ин мушкилот ва бадбиниҳо чанд насиҳатеро пешкаши бинандагон мегардонад.
Чаҳор омил барои ихтиёри ҳамсар(Тоҷикӣ)
2013-11-28
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор ҳадисеро, ки аз Паёмбари ислом ривоят шудааст дар бораи омилҳое, ки бояд дар асоси онҳо ҷавонон ҳамсари худро интихоб кунанд суҳбат мекунад.
Фақат Аллоҳ(Тоҷикӣ)
2013-11-11
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор қиссаи баъзе саҳобагони киромро зикр мекунад, ки тамоми дороии худро фидои роҳи Аллоҳ карданд. Ва баён мекунад, ки тамоми ибодатҳои бандагон бояд бахотири Аллоҳ бошад аз ҷумлаи қасам хурдан ва назр кардан.
2013-11-08
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи беҳтарин Муаллими олам ва шогирдони Ӯ суханрони мекунад, ки Ӯ Паёмбари Акрам (Дуову дуруд бар ӯ бод) ва шогирдонаш асҳоби гиромии Ӯ мебошанд.
Ин муаллими башарият дар таълиму тарбияи шогирдонаш заррае кутоҳи накардааст, Зеро шогирдони Ӯ инро дар тарихи башарият исбот намуданд ва ончизе, ки аз муаллимашон таълим гирифта буданд бекаму кост ба дигарон расониданд.
Ва ба беҳтарин шогирдоне дар олам машҳур шудаанд.
Ин муаллими башарият дар таълиму тарбияи шогирдонаш заррае кутоҳи накардааст, Зеро шогирдони Ӯ инро дар тарихи башарият исбот намуданд ва ончизе, ки аз муаллимашон таълим гирифта буданд бекаму кост ба дигарон расониданд.
Ва ба беҳтарин шогирдоне дар олам машҳур шудаанд.
2013-11-06
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи шахсоне суҳбат мекунад, ки бо тамоми душвори ва бо роҳи ҳалол пул касб мекунанд ва онро дар роҳҳои ҳаром ва нодуруст сарф мекунанд.
2013-11-03
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуъи таълиму тарбия ва пешрафти башарият ва муҷтамаи мусалмонон суханрони мекунад, ва яке аз омилҳои муҳими пешрафти башарият ин таълиму тарбияи занон ва духтарони мусалмон мабошад, ҳар вақто, ки зани мусалмон босавод ва таълимдида бошад метавонад фарзандони хубе ва олиме бавоя расонад, ва дар ин хусус чанд мисоле аз гузаштагони олами исломи меорад, аз ҷумла модари муъминон Хадиҷа бинти Хувайлид, ки беҳтарин ҳамсаре барои Паёмбари ислом буд.
Издивоҷ иффат ва покизагист(Тоҷикӣ)
2013-09-12
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуъи издивоҷ (хонадорӣ) суҳбат мекунад, ва баён мекунад, ки издивоҷ худ иффат ва покизагист. Писару духтарро аз воқеъ шудан дар зино ва корҳои бад нигоҳ медорад. Ва ҷавононро насиҳат мекунад, ки дар шаби арусиашон бо арақ нушиву ҳофизи ва арусро бо либосҳои нимбараҳна сари саҳна баровардан худдори намоянд, зеро ин амал хилофи шариъат ва покиву иффат аст.
Неъмати ҳидоят ба дини Ислом(Тоҷикӣ)
2013-09-02
Неъматҳои худованд онқадар зиёданд, ки ҳисоби онро ғайр аз Худованд касе намедонад. Ва аз ҷумлаи он, неъмати ҳидоят ба суи Ислом аст. Ин аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳо аст, ки барои баъзе аз бандагони Худо насиб шудааст ва ҳар мусулмон шукри ин неъматро бояд ба ҷой орад.
2013-08-22
Қиссаи ҷолиб ва таъсирбахши Абубакри Сиддиқ бо Мистаҳ (р), ки Абубакри Сиддиқ ба ӯ садақа доданро манъ кард, Ва баъди нозил шудани оёте аз ҷониби Худованд садақаи медодагиашро боз шуруъ кард.
2013-08-22
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи баъзе аз сифатҳои Паёмбари Акрам Муҳаммад (Дуову дуруд ба ӯ бод) суҳбат мекунад, ва алалхусус дар бораи сифатҳое, ки мушрикини Қурайш пеш аз биъсати Паёмбар Ӯро бо он сифатҳо мешинохтанд. (Мисли: Муҳаммади Содиқ, Муҳаммади Амин ва дигар сифатҳое, ки барои мусулмонон намуна мебошанд.)
Шукри неъматҳои Худованд(Тоҷикӣ)
2013-07-13
Худованд барои бандагонаш неъматҳои фаровоне ато намудааст. Ин неъматҳо ҳоҷат ба шукргузори доранд, Пас чигуна мо шукри Худоро дар муқобили неъматҳояш ба ҷой оварем? Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил инро баён намуда мегуяд: Яке аз беҳтарин роҳҳои шукри неъматҳо итоат ва анҷом додани фармонҳои Худованд аст.
Рамазон, моҳи фурсатҳост(Тоҷикӣ)
2013-07-12
Рамазон моҳи фурсатҳост, зеро Худованд дар ин моҳ барои бандагонаш фурсатҳоеро муяссар мекунад ки дар дигар моҳҳо нест, дар ин моҳ савоби ибодатҳо чанд баробар зиёд мешаванд ва шайтонҳо бо занҷирҳо баста мешаванд, то инки бандагони Худо аз ин моҳ барои касби ризо ва мағфирати Худованд баҳра баранд, пас ин моҳ моҳи амал ва ҷамъоварии савобу аҷр аст.
2013-07-05
Ду ибодати бузург аст, ки соҳибашро рӯзи қиёмат шафоъат мекунад, он ду ибодат: Қуръон хондан ва рӯза гирифтан аст.
Рамазон моҳи ибодат аст(Тоҷикӣ)
2013-07-03
Аҷру савоби ибодатҳо дар моҳи рамазон дучанд гардида, балки баъзеаш чанд баробар зиёд мешавад, савоби намози нафли баробари намози фарзи мегардад. Ва Паёмбари Худо (с) ин моҳро бо ибодат мегузаронд ва хусусан даҳ рӯзи охирашро.
2013-07-03
Худованд ваъдаҳои зиёде барои бандагони муъминаш намудааст, ки аз ҷумлаи он ваъдаҳо мағфират ва омурзиши гуноҳон аст.
Достонҳои имонии сураи Каҳф(Тоҷикӣ)
2013-06-21
Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор достонҳои имониро аз сураи Каҳф ва баъзе достонҳои дигарро аз Қуръони карим зикр намудааст. Аз ҷумла достони Асҳоби каҳф ва Ҳамсари Фиръавнро зикр намудааст.