Маълумоти мухтасаре аз шарикат
|
Сомонаҳои Дорул ислом, IslamHouse.com аз ҷумлаи фаъолиятҳои Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи дар маҳаллаи Рабва, шаҳри Риёз мебошад,
Дафтар, муссисаи хайри ва даъави буда бо кумаки муҳсинон ва ёридиҳандагон фаъолиятҳои худро анҷом медиҳад.
Дафтар 28/08/1414ҳ бо тавҷиҳ ва тавсияи шайх аллома Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз таъсис ёфта зери назорат ва ишрофи вазорати шуъуни исломи ва авқоф ва даъват ва иршод амал мекунад.
|
Маълумоти омма
|
Ҳадафи асоси:
Сомонаҳои Дорул ислом, IslamHouse.com шиносондани ғайри мусулмононро ислом ва некуиҳояшро бо даҳҳо забонҳои олам ҳадафи асосии худ қарор додааст.
Ислоҳи фаҳмиши нодуруст ва кашфи хатогиҳо ва шубҳаҳое ки дар атрофи дини Ислом аст.
Омӯзондани мусулмонон умури асосии динро, аз ақида ва ибодат ва дигар заруриёти динро мувофиқи манҳаҷ ва тариқаи Аҳли суннат ва ҷамоъат ва фаҳмиши гузаштаго...ни солеҳу некукор-Худованд аз онҳо рози бод-.
Роҳҳои расидан бар ҳадаф:
1- Ихтиёр ва тайёр намудани муҳтавои илмии муносиб бо забонҳои гуногун.
2- Тарҳрези ва бино ва такомулдиҳи доими барои маҷмуъае аз сомонаҳо бо даҳҳо забонҳои олам, ки бо -Дорул ислом, IslamHouse.com- номгузори шудааст.
3- Ҳавасмандгардонии таълиф ва тарҷумаи исломи аз забони араби ба забонҳои дигар, ва дар бар гирифтани онҳо дар чорчубаи сомонаҳои -Дорул ислом, IslamHouse.com- бо барқарор намудани робитаи дуҷониба бо шахсони алоқаманд дар ин маҷол.
Орзуҳо ва ормонҳо:
1- Истифода бурдани намуна ва оли аз шабакаи интернет дар роҳи даъват ба суи Худованд ва таблиғи дини Ислом бо забонҳои зинда барои башарият.
2- Тақдими Ислом барои мардум дар шакли поку беолоишиаш, ва ислоҳ намудани шубҳаҳое ки душманони Ислом дар атрофаш паҳн намудаанд.
3- Васеъ намудани доираи истифодабаранда барои Дафтарҳои тавъияи ҷолиёт дар Мамлакати Арабистони Саъуди, то инки бар ивази ададҳои кучак ва гуруҳҳои хурду маҳдуди минтақаҳои мамлакат, муваҷаҳ бар тамоми атрофи олам гардад.
4- Ҳамкории якҷоя байни дафтарҳои таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи дар мамлакати Арабистони Саъуди, ва дигар ҷонибҳои даъави, ва ҳамкори намудан дар маҷолҳои таълиф ва тарҷума ва таҳрири илмию луғави ва шаръи, ва арзишманд гардонидани меросҳои фарҳанги исломи, бо забонҳои гуногун, то инки корҳо такрори анҷом наёбанд, ва кутоҳиҳо ва камбудиҳо мавҷуда бартараф шавад, ва амалҳо комил гардад.
5- Аз назаргузаронии ҷадид ва тақйиму тазкияи нашриёти илми даъавии нашршуда, аз хондани, шунидани, ва диданиҳо барои ҷонибҳои илмию даъави,
Ихтиёр кардани мавзуъҳои муносибаш барои аз нав нашр ва тарвиҷ додан, ва муҳофизат кардани он аз тариқи интернет ва дигар роҳҳо барои наслҳои оянда -Бо хости Худованд-
|
Ҷоизаҳо
|
Маҷмуъаи сомонаҳои Дорул ислом IslamHouse.com дар муддати амалаш соҳиби 4 ҷоиза шудааст, ки он ҷоизаҳо:
1,2/ Солҳои 2006-2007 пай дар пай ҷоизаи ( Тамауюзи рақми التميز الرقمي )-ро , ки аз ҷониби Вазорати алоқа ва техникаи маълумоти мамлакати Арабистони Саъуди шуъбаи Фарҳанги электрони тақдим мешавад, соҳиб шуд.
3/ Соли 2007 ҷоизаи (Зикри хосс الذكر الخاص)-ро соҳиб шуд, ки он аз ҷониби шуъбаи Фарҳанги электронии байни давлатҳои араби ва шарқи авсат аз Сарпарасти олами барои ҷоизаҳо WSA, ки ҷузъи Сарпарасти милали муттаҳида барои муҷтамаъи маълумот аст, тақдим мешавад.
4/ Соли 2010 соҳиби ҷоизаи (Шориқа الشارقة ) шуд, ки аз ҷониби Имороти муттаҳидаи араб барои корҳои татавуъи дар маҷоли шариъат ва дин тақдим мешавад.
|